Eduroam – Дар ҳар куҷое, ки набошед, доимо пайваст монед
Eduroam чӣ тавр кор мекунад?
Технология Eduroam ба 802.1X * ва иерархияи алоқаманд бо серверҳои RADIUS, ки дорои маълумоти истифодабарон (номи истифодабар ва рамзҳо) мебошанд, асос ёфтааст. Ташкилотҳои аъзои лоиҳаи Eduroam бояд инфрасохтори амалкунандаи RADIUS дошта бошанд ва шартҳои истифодаи онро тасдиқ кунанд. Eduroam-ро метавон бо се қадами осон насб кард:
Сервери RADIUS –ро, ки ба сервери ташкилотии шумо (LDAP) пайвастанд, насб кунед.
Нуқтаҳои дастрасии худро ба сервери RADIUS пайваст кунед.
Сервери RADIUS-и худро федератсия кунед.
Иерархияи RADIUS маълумоти истифодабарро ба ташкилотҳои локалии истифодабарон, ки онҷо тафтиш ва тасдиқ карда мешаванд, ба таври бехатар интиқол медиҳад.
Барои ҳифзи махфияти трафик аз дастгоҳи истифодабар тавассути шабакаи беноқил, стандарти замонавии шифргузорӣ истифода мешавад.
Муассисаи хонагии истифодабар барои нигоҳдорӣ ва назорати иттилооти истифодабар масъул аст, ҳатто агар истифодабар дар кампуси меҳмон бошад. Ҳамин тариқ, ин маълумот бо дигар муассисаҳои алоқаманд мубодила карда намешавад.
* 802.1X стандарти IEEE барои назорати дастрасии шабакавӣ дар асоси порт мебошад ва ба дастгоҳҳое, ки мехоҳанд ба LAN (шабакаи локалӣ) ё WifI пайваст шаванд, механизми тасдиқсозиро таъмин мекунад.
